РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Туркманистон мулоқот кард

Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аймурад Кочмурадовро қабул намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Пас аз анҷоми маросим мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо сафири навтаъйин баргузор гардид. Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илм ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷом Сироҷиддин Муҳриддин сафири Туркманистонро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти кориаш муваффақият таманно намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram