РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Турсунзода бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуд

3 августа 2023 от  Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Турсунзода бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва иҷрои корҳои созандагиву ободкорӣ шинос шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Гурӯҳи корӣ дар ибтидо бо вазъи нашъунамои пахта, ангур, шолӣ ва тарбуз шинос гардид.Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ ба муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳамчунин оид ба вазъи боғдорӣ, шолипарварӣ ва дигар самтҳои соҳа маълумоти муфассал дода шуд.

Ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, истифодаи босамари замин ва саҳмгузорӣ барои расидан ба амнияти озуқаворӣ аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат ба роҳбарону масъулини соҳа якчанд супоришҳои мушаххас дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram