РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Тоҷикфилм» бо киностудияҳои Туркия филмҳои муштарак наворбардорӣ мекунад

«Тоҷикфилм» бо киностудияҳои Туркия филмҳои муштарак ба навор гирифтанист. Дар ин бора ба рӯзноманигорон зимни нишасти матбуотӣ директори МД «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён хабар дод.

Хабар дода шуд, ки рӯзи 19 июн Маҳмадсаид Шоҳиен бо сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Адҷар мулоқот кардааст. Тарафҳо ба хулосае омадаанд, ки филми муштарак ба навор гиранд.

Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ Маҳмадсаид Шоҳиен ба хабарнигорон гуфт, ки филми «Тоҷикон» аллакай ба навор гирифта шудааст. Директори ин лоиҳа Рустам Шоазимов мебошад. Ин филм бо се забон, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба тамошобинон намоиш дода мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram