РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маҳфили навбатии экожурналистон дар мавзуи “Мониторинги таъсири фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба муҳити зист” доир шуд

Дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” 30 июли соли 2023 маҳфили навбатии экожурналистон дар Green Wood House -и шаҳри Ҳисор дар мавзуи “Мониторинги таъсири фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба муҳити зист” баргузор гашт. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд.

Аъзоёни маҳфил, ки намояндагони воситаҳои садою симо ва сомонаҳои чопию интернетии ҷумҳурӣ мебошанд, ба мавзуи болозикр таваҷҷуҳ намуда фаъолона иштирок намуданд.

Ба кори машғулияти навбатии экожурналистон сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Тиллоӣ Гулрухсор оғоз бахшида, мундариҷаи маҳфили мазкурро ба таври мухтасар шарҳ дод. Ҳамзамон, ба иштирокдорон барномаи маҳфил ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба мавзуи матраҳшаванда тақсим карда шуд.

Сипас, дар мавзеи зебоманзари Green Wood House бо аъзои маҳфил сардори Маркази назорати таҳлилию ташхисии Кумита Судурзода Саидисмон оид ба фаъолияти марбутаи соҳавӣ, алалхусус дар мавзуи “Мониторинги таъсири фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба муҳити зист” ба таври муфассал маълумот дод.

Пас аз шарҳи пурраю ҳаматарафаи мавзуъ оид ба масъалаҳои зикргардида суолу ҷавоб сурат гирифта, аз тарафи Судурзода С. ба саволҳои сершумори экожурналистон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Клуби экожурналистони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳе як маротиба баргузор гардида, аъзоёни он ҷиҳати шиносоӣ ба фаъолияти ҳар як самти мақомоти соҳавӣ ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва ба аҳолӣ дастрас намудани маълумоти дақиқи экологӣ гирди ҳам ҷамъ меоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram