РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Хоруғ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал баргузор гардид

Бахшида ба 32- юмин солгарди Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи баргузории Форуми соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест 2023» санаи 05 августи соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ярмарка фурӯши маҳсулоти ниёзи аввали мардум дар назди майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Дар ярмарка маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, макарон ва меваҷоту сабзавот ба нархи арзон ба фурӯш гузошта шуд.

Сокинон шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои гирду атроф аз ин иқдоми неки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, миннатдории худро баён намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram