РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ММТ муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабонро то 7-уми августи соли 2023 тамдид кард

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади додани имкони ҳуҷҷатсупорӣ ба довталабони тибқи натиҷаҳои озмун – тақсимоти асосӣ комёбгардида ва дар ин замина мусоидат кардан ба муассисаҳои таълимӣ дар қабули довталабони мазкур муҳлати ҳуҷҷатсупории ин довталабонро то 7-уми августи соли 2023 тамдид кард. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ин лиҳоз, довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои қабул ба муассисаҳои таълимии дахлдор то 7-уми августи соли 2023 пешниҳод намоянд.

Хотиррасон мекунем, ки дар сурати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб дар муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 7‑уми август, муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

ТАВАҶҶУҲ! Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар довталаби аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимшуда дар муҳлати муқарраркардаи Марказ (то 7‑уми август) ҳуҷҷатҳои барои қабул заруриро ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод накунад, ҷойи ӯ дар тақсимоти баъдӣ ё давраи дигари бақайдгирии довталабон пешниҳод карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот комёбгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:

1) ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ;

2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);

3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);

4) 6 дона сурат (андозаи 3х4см);

5) маълумотнома аз ҷойи зист;

6) шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (асл ва нусхаи шаҳодатнома дар бораи таваллуд барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум);

7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон);

😎 нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram