РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар чорабиниҳои тантанавӣ ва кории Бозиҳои II кишварҳои ИДМ иштирок кард

4-7 август ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён дар чорабиниҳои тантанавӣ ва ифтитоҳии  Бозиҳои II варзишии  кишварҳои ИДМ дар шаҳри Минск иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, муовини сарвазири мамлакат  Матлубахон Сатториён дар маросими ботантанаи ифтитоҳи  Бозиҳои II варзишии кишварҳои  ИДМ  иштирок намуд. Дар ин чорабинии бузурги варзишӣ, ки дар 10 шаҳри Беларус баргузор мешавад, меҳмонон ва варзишгарони  зиёда аз 20 давлати ҷаҳон  иштирок менамоянд.

Дар ҷараёни сафар ба Ҷумҳурии Беларус муовини Сарвазири Тоҷикистон ба  Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонии Беларус ташриф оварда, бо фаъолияти  кумитаи тадорукоту ҳамоҳангсозӣ ва маркази матбуотии  Бозиҳои II варзишии кишварҳои ИДМ шинос гардид.

Пас аз шиносоӣ бо равандҳои ташкилии мусобиқаи варзишӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Игор Петришенко мулоқот намуд. Муовини сарвазири Беларус ба ҷониби Тоҷикистон барои иштироки фаъолонаи варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои II варзишии кишварҳои  ИДМ, ки дар 14 намуди варзиш дар ҳайати беш аз 150 варзишгар рақобат мекунанд, изҳори сипос намуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларусро баррасӣ карда, аҳаммияти фаъолсозии шарикии стратегии дуҷонибаро таъкид намуданд.

Гузашта аз ин ҳайати Тоҷикистон дар доираи барномаи сафар бо Вазири варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Беларус Сергей Ковалчук мулоқот намуда, ҳамчунин бо Маҷмааи ёдгории давлатии «Хатынь» шинос шуда, ба пояи муҷассамаи «Одами таслимнашуда» («Непокоренный человек») гулдаста гузоштанд.

Дар фарҷоми сафар Матлубахон Сатториён таассуроти худро дар бораи сатҳи баланди ташкилӣ ва омодагии Ҷумҳурии Беларус ба Бозиҳои II варзишии  кишварҳои ИДМ ба воситаҳои ахбори омма  изҳор намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram