РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири рушди иқтисод ва савдо бо муовини Вазири корҳои хориҷии Япония мулоқот кард

3 августи соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва муовини Вазири корҳои хориҷии Япония Йошикава Юмӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғози вохӯрӣ Завқизода Завқӣ Амин қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Япония муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Бо хушнудӣ зикр гардид, ки гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Япония дар нимсолаи якуми соли 2023-юм 1,7 маротиба нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст. Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Япония дар соли 2022-юм 108,5 млн. долларро ташкил дод.
Дар вохӯрӣ Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар доираи Барномаи волонтёрони Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JOCV) ба имзо расид. Дар доираи ин санад Япония барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон мутахассисони соҳибтаҷрибаро ба монанди табибон, муҳандисон, технологҳо, барномасозон, дизайнерҳо ва ғайра ба таври ройгон сафарбар менамояд.
Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба байни ду кишвар, аз ҷумла зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз технологияи пешқадами Япония дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ва таъсиси марказҳои логистикиро муҳокима намуданд.
Қайд бояд кард, ки 2500 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалии (JICA) Япония ва 100 нафар хизматчиёни давлатӣ дар доираи лоиҳаи грантии “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)” дар Япония таҳсил намуданд.
Инчунин дар рафти мулоқот масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки ҷониби Япония омодагии худро дар ин самт баён намуд.
Илова бар ин ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз» ва «Иқтисоди рақамӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор
намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram