РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар майдончаи назоратии болои «Бинои технологӣ»-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд

Дар идомаи сафар  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдончаи назоратии болои “Бинои технологӣ”-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо дар қисми поёнии сарбанд шинос гардиданд.

Ҳоло барои бунёди қисмҳои болоӣ ва поёнии сарбанд мошину механизмҳои муосиру замонавӣ, аз қабили техника ва мошинҳои калонҳаҷми борбардор барои кашонидани сангу шағал, дастгоҳҳои муқтадир барои тозакунии паҳлуҳои кӯҳҳо ҷалб гардида, корҳо мувофиқи нақшаи тасдиқгардида идома доранд.

Аз ҷумла, то ба имрӯз хобонидани маводи сангу шағал дар қисми болоии сарбанд то сатҳи 1140 метр иҷро гардида, дар ҳаҷми 13 миллион метри мукааб мавод хобонида шудааст.

Ҳамин гуна, кор дар қисми поёнии сарбанд низ бомаром ҷараён дошта, хобонидани сангу шағал дар сатҳи 1083 метр идома дорад. Дар қисми поёнии сарбанд ба андозаи 6 миллион метри мукааб мавод аз анборҳои захиравӣ кашонидаву хобонида шудааст. Дар маҷмуъ дар қисматҳои болоӣ ва поёнии сарбанд ҳудуди 19 миллион метри мукааб  мавод хобонида ва мустаҳкам шудааст.

Тозакунии паҳлуҳои кӯҳҳо дар қисмати ядрои сарбанд аз сатҳи 1300 метр то 990 метр қисман ва аз сатҳи 990 метр то сатҳи 960 метр пурра иҷро гардидааст. То ба имрӯз дар ҳаҷми зиёда аз 2,7 миллион метри мукааб корҳои хокбардорӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Ҷиҳати  бунёди саривақтии иншооти мазкур кор  ба таври шабонарӯзӣ амалӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки ҳар қабати маводи хобонидашуда аз ташхиси озмоишгоҳӣ   гузаронида мешавад ва барои бунёди ин қитъа сангу шағал ва ҷинсҳои кӯҳӣ дар доираи тарҳи тасдиқгардида истифода   мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба масъулин барои иҷрои саривақтиву босифати корҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дода, мутахассисонро вазифадор намуданд, ки назорати сифати ҳар қабати биефи поёнии сарбандро ҷиддиву ҳамаҷониба амалӣ намоянд, то иншооти мазкур дар доираи меъёру талаботи байналмилалии соҳавӣ бунёд шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram