РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати «Войт Ҳайдро» Герхард Сейрлингро ба ҳузур пазируфтанд

9 август дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати «Войт Ҳайдро» Герхард Сейрлингро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати «Войт Ҳайдро» оид ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар таъмини иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо таҷҳизоти гидромеханикӣ ва электромеханикӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар Лоти 1-и неругоҳ, ки зимни сафари корӣ мушоҳида карданд, андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки бояд тамоми корҳо тибқи реҷаи мувофиқагардида саривақт ва босифат иҷро гарданд.

Дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти ширкати «Войт Ҳайдро» ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо маълумот доданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки намояндагони ширкат барои татбиқи нақшаҳо тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро амалӣ менамоянд.

Дар мулоқот инчунин Сарвазири мамлакат, вазири молия, директори генералии НБО «Роғун», директори мудирияти истифодабарии неругоҳи Роғун ва директори ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” иштирок намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram