РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Гурӯҳи корӣ вобаста ба Шоҳроҳи бузурги абрешим: долони Фарғона — Сирдарё ҷаласаи навбатии онлайнӣ баргузор намуд

Гурӯҳи корӣ вобаста ба таҳияи номинатсияҳо оид ба пешниҳоди ёдгориҳои таърихию фарҳангии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Фарғона -Сирдарё» дубора ба кор оғоз намуд. Дирӯз, 8 август аз ҷониби котиботи долон ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ дар шакли онлайнӣ баргузор шуд. Дар ин бора сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳангӣ дар ЮНЕСКО ва ИСЕСКО Мирзошариф Абдусаломов дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод.

Дар ин ҷаласаи онлайнӣ ҷониби Тоҷикистонро ҳамзамон сармутахассиси шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ва бостоншиноси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  намояндагӣ намуданд.

Дар кори ҷаласа паҳлуҳои гуногунҷабҳа ва масъалаҳои ҷойдоштаи парвандаҳои номинатсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур дар шакли силсиланомтнатсия буда, ба он ёдгориҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон шомил ҳастанд.

Аз ин шумора дар рӯйхат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ёдгории таърихӣ, Узбекистон- 18, Қирғизистон- 8 ва аз Қазоқистон 8 ёдгории таърихӣ пешниҳод шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram