РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ВМКБ. Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар Форуми соҳибкории G-5 баррасӣ шуданд

Имрӯз, 11 августи соли равон бо ибтикори Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар ҳамдастӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар доираи баргузории Форуми соҳибкориву сармоягузории «Помир-инвест-2023», бори нахуст дар шаҳри Хоруғ Форуми соҳибкории G-5 таҳти унвони «Таърихи муваффақияти соҳибкорони тоҷик» баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Дар кори он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, шарикони рушд ва бахши хусусӣ ширкат варзида, бобати минбаъд бештар равнақ бахшидани рушди соҳибкорӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи иқтисодии рӯзгори сокинони кишвар табодули афкор намуданд.

Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Иматшозода Анвар Иматшо зимни баромад изҳор дошт, ки ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаи соҳикорӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда, барои соҳибкорон имтиёзҳои мухталиф роҳандозӣ мегарданд, дастёбӣ ба қарзҳои имтиёзнок аз ҷониби бонкҳои давлатӣ аз ҷумлаи дастгириҳои соҳибкорони маҳаллӣ ба ҳисоб мераванд. Маҳз дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти олии сиёсии кишвар аст, ки имрӯз зиёда аз 90 фоизи муомилоти мол дар ВМКБ аз ҷониби соҳибкорон сурат мегирад. Айни замон дар вилоят қариб 6,5 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар самтҳои мухталиф фаъолияти густурда доранд.

Зикр гардид, ки маҳз бо шарофати суботи комили сиёсӣ имконият фароҳам омад, ки дар вилоят 16 лоиҳаи бузурги давлатӣ дар марҳилаи амалишавӣ қарор доранд, ки то ба ҳамин рӯз маблағи 1,3 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир қайд кард, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро эълон намудааст, ки ин иқдом барои ҷалби сармоя ба иқтисоди кишвар мусоидати фаъол намуда, давоми зиёда аз 32 сол дар баробари лоиҳаҳои давлатӣ, ҳамзамон чандин лоиҳа дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд ба хотири рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят амалӣ гардиданд.

Дар доираи дастгирии соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои соҳибкорон ба хотири рушди соҳа имтиёзҳои гуногун дода мешаванд, ки соддагардонии ба расмиятдарории андозиву гумрукиро дар ин самт метавон ном бурд.

Хуршедаи Қодир, ҳамзамон бобати грантҳои президентӣ барои бонувон, портали «B2B» ва фаъолияти Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ва дигар тадбирҳое, ки барои дастгирии соҳибкорон дар кишвар роҳандозӣ шудаанд, ибрози назар намуд.

Дар идома дигар иштирокдорони форум оид ба роҳҳои расидан ба муваффақият ва фаъолияти пурсамар дар самти рушди бахши хусусӣ ибрози андеша намуданд.

Ҳамчунин чанд тан аз соҳибкорони муваффақи кишвар оид ба фаъолияти соҳибкориашон ба иштирокдорон маълумот манзур намуданд. Қайд гардид, ки маҳз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, шахсан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон барояшон барои равнақ бахшидани фаъолият шароити мусоидро фароҳам овардааст ва имрӯз, онҳо, алаккай дар ин ҷода муваффақиятҳои беназрирро ба даст овардаанд.

Ба соҳибкороне, ки нав ба фаъолият пардохтаанд, тавсия дода шуд, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо мушкилот аз роҳашон нагарданд, зеро муваффақият баъд аз шикасту рехт ба даст меояд ва онҳо бояд ба ҳамаи ин паҳлуҳо ҳамаҷиҳата омода бошанд.

Дар фароварди кори форум миёни соҳибкорони муваффақ ва аҳли толор мубодилаи афкор сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram