РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи табибон ҳамоиш доир гардид

Санаи 16 августи соли ҷорӣ дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи табибон баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Норак хабар доданд.

Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод табибон ва кормандони соҳаи тандурустии шаҳрро ба Рӯзи касбӣ- Рӯзи табибон табрик намуд.

Сипас ба якқатор табибону кормандони соҳаи тиб ифтихорномаҳою туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тиб супорида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram