РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пагоҳ ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» муайян мешаванд

18 август, соати 18:00 барномаи фарҳангии гулчини Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» ва маросими мукофотсупорӣ дар назар аст. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

14 август даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» бо иштироки ҳунармандони шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ идома ёфт.Ҳунармандон бо пешниҳоди маҳсулоти нонӣ, ҳунарҳои мардумӣ, гудӯзию кашидадӯзӣ, расму оинҳои миллӣ, суруду рақсҳои халқӣ хотири меҳмонон, иштирокчиён ва ҳакамони фестивалро шод гардониданд.

Ҳамзамон 15 август дар даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» ҳунармандони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон беҳтарин намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллиро пешниҳод намуданд.

Намоиш ва барномаи ҳунарии иштирокчиён дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардида, меҳмонон, аъзои ҳакамон ва сокинони пойтахт бо ҷараёни баргузории фестивал-озмун шинос шуданд.

Инчунин 16 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ҳунармандони ноҳияҳои Муъминобод ва Файзобод дар даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баромад намуданд.

Барномаи пешниҳоднамудаи ҳунармандон бо шукуҳу шаҳомати хосса, расму оинҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ манзури меҳмонону сокинон ва ҳакамони фестивал гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур 11 август оғоз гардида, ҳамарӯза соати 18:00 манзури тамошобинони пойтахт гардонида мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram