РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири корҳои хориҷӣ бо мудири минтақавии UNDCO барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ мулоқот кард

17 августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мудири минтақавии Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушд (UNDCO) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Гви-Еоп Сонро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аснои дидор ҳамсуҳбатон перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ табодули афкор намуда, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда, чорабиниҳои дарпешистода, инчунин имконоти густариши равобити тарафайнро дар соҳаҳои мухталиф матраҳ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram