РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Котиби Кумитаи ҳизбӣ, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии музофоти Чжэтзян муҳтарам И Лянхун мулоқот намуданд

23 август сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Ханҷоуи музофоти Чжэтзян идома ёфт.

Дар ин  рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Котиби Кумитаи ҳизбӣ, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии музофоти Чжэтзян муҳтарам И Лянхун мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳбарияти ҳизбии музофот   барои истиқболу меҳмоннавозии самимӣ миннатдорӣ баён намуданд.

Иброз гардид, ки ба шарофати саъй ва талошҳои муштараки роҳбарони ду давлат шарикии стратегии Тоҷикистону Чин пайваста тақвият меёбад.

Ба давлатҳои мо муносибатҳои мутақобилаи сатҳи баланду эътимодбахши сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ хос аст. Дар ин раванд равобити байнипарламентӣ ва байниҳизбӣ мавқеи муассир доранд, таъкид карда шуд дар рафти мулоқот.

Ҷонибҳо ба сатҳи  ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байнидавлатӣ  баҳои баланд дода, барои  рушди минбаъдаи муносибатҳои байни шаҳрҳову минтақаҳои Тоҷикистону Чин изҳори омодагию ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои музофоти Чжэтзян дар бахшҳои аграрӣ, энергетика, тиҷорати электронӣ, роҳсозӣ, сайёҳӣ, саноати кӯҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок баррасӣ шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram