РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

БАҲРИ АРАЛ ВА МУШКИЛОТИ ВОБАСТА БА ОН. Ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим ба рафъи ин мушкилоти аср мусоидат менамояд

Дар ҷаҳони муосир масоили ҳифзи муҳити зисти солим ҳамчун заминаи асосии таъмини ҳаёти шоистаи наслҳои ояндаи инсоният яке аз муаммоҳои мубраму ҳалталаби сатҳи байналмилалӣ  ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, дар фазои муносибатҳои экологӣ проблемаҳои мавҷуда вобаста ба самтҳои алоҳида тасниф гардидаанд.

Дар байни мушкилот ва муаммоҳои экологии сайёра масъалаи дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва дар маҷмуъ захираҳои обӣ ҷомеаи башариро бештар ба ташвиш овардааст.

Дарки воқеъбинонаи масъалаҳои мазкур, махсусан бархӯрди хирадмандонаву тадбирҷӯйиҳои илман асоснок дар ростои мушкилоти тағйирёбии иқлим аст, ки ҳалли масоили норасоии оби нӯшокӣ, обшавии босуръати пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният дар меҳвари ташаббусҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Роҳбари давлат пайваста дар паёму суханрониҳои сатҳи минтақавию байналмилалии хеш оид ба масоили экологӣ, хосса маърифати экологии аҳолӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳову баҳрҳо, ки манбаъҳои асосии оби ошомиданӣ мебошанд, ибрози назар намуда, бо таҳлилҳои амиқи илмӣ, пешниҳоди роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои минтақавию байналмилалиро ба иқдомҳои бетаъхиру ояндабинона ташвиқу водор менамоянд. Чунончи, Пешвои миллат таъкид медоранд: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк менамояд, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳар чи зудтар чораҳои зурурии муштарак таҳия ва татбиқ намояд”.

Муфассал дар https://khovar.tj/2023/08/hushkshavii-ba-ri-aral-tashabbus-oi-globalii-prezidenti-to-ikiston-oid-ba-ob-dar-rafi-in-mushkiloti-asr-sa-mi-arzanda-meguzorad/

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеа

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram