РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Воронежи Русия ҳамкориҳои илмию таълимиро тақвият медиҳанд

Имрӯз намояндагони Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Россия таҳти роҳбарии ректори донишгоҳи мазкур Ендовитский Дмитрий Александрович ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуданд. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.

Дар зимн ҷонибҳо бобати рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ табодули афкор намуданд. Ҳамзамон, меҳмонон аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои муаззами миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгиранд, боздид ба амал оварданд.

Дар ҷараёни сафар бо устодону кормандони факултетҳои иқтисодии донишгоҳ, аз ҷумла факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ вохӯрӣ намуда, аз чанд синфхонаю толорҳои илмию таълимӣ дидан карданд.

Рушди ҳамкориҳо дар самти табодули устодону донишҷӯён, баргузории ҳамоишҳои гуногуни илмию амалӣ ва нашри маводи илмӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии вохӯрии устодону кормандони факултетҳои иқтисодии ДМТ бо намояндагони Донишгоҳи давлатии Воронеж буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram