РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон. Даври вилоятии озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид

Ба ин муносибат дар театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ маросими бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки ғолибони даври вилоятӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худоберди чорбиниро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки доир гардидани чунин чорабиниҳо барои боло бурдани маънавиёти мардум такони ҷиддӣ бахшида, дар ин росто, раванди иштирок дар онҳо низ сол то сол беҳтар мегардад.

Бахусус, теъдоди иштирокунандагони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар байни тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, шогирдони муассисаҳои олии касбӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа афзуда, ҳавасмандгардонии ғолибон низ ҳамасола такмил меёбад.

Қайд гардид, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат, бо ташаббус ва талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари пешрафти дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим, бо мақсади таҳкими заминаҳои маънавии ҷомеъа, хоса насли ҷавону ояндасози миллат, тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд.

Раиси вилоят зикр кард, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки ҳадафаш рушди фарҳанги бою рангини миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддуну қудратҳо мебошад, имкон медиҳад, то ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати баланди сиёсию фарҳангӣ ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои муғризонаи қувваҳою шахсони манфиатҷӯ нагарданд.

Тибқи иттилои масъулини кумитаи тадорукотии баргузории озмунҳо, соли ҷорӣ аз 1482 иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” 310 ба даври вилоятӣ роҳхат гирифта, 82 нафарашон ҳуқуқи иштирок дар даври ҷумҳуриявиро соҳиб гардиданд. Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бошад, 342 нафар аз рӯйи панҷ номина иштирок намуда, 90 нафар ба даври сеюм роҳхат пайдо намуданд.

Мирзонабот Алишер Худоберди, Раиси вилоят аз баъзе камбудиҳо дар гузаронидани озмунҳо ёдовар шуда, ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва масъулин тавсияҳои судманд доданд.

Сипас, дар фазои тантанавӣ ғолибони озмунҳои мазкур ва иштирокчиёни фаъол бо Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар фарҷом барномаи рангини консертии омоданамудаи аҳли фарҳанги вилоят манзури ҳозирин карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram