РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар «Ҳафтумин Ассамблея Фонди глобалии экологӣ” иштирок ва суханронӣ намуд

24 августи соли 2023 дар шаҳри Ванкувери Канада дар доираи «Ҳафтумин Ассамблея Фонди глобалии экологӣ” раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд.

Раиси Кумита вобаста ба мавзуи “Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи маблағгузории лоиҳаҳо дар самти ҳифзи табиат ва иқлим” суханронӣ намуд. Инчунин, ҷаноби Карлос Мануел Родригез, директори Фонди глобалии экологӣ, ҷаноби Стивен Гилбо, вазири муҳити зист ва тағирёбии иқлими Канада, ҷаноби Эндрю Дойтз, директори идоракунанда оид ба сиёсати глобалӣ ва молиявии ташкилоти Ҳифзи табиат (TNC), ҷаноби Ҳон’бле Лйонпо Намгай Тшеринг, вазири молияи Шоҳигарит Бутан ва дигар намояндагони сатҳи баланд ширкат ва суханронӣ намуданд.

Бояд хотиррасон шуд, ки Ассамблеяи Фонди глобалии экологӣ дар чор сол як маротиба баргузор мегардад ва дар он вазирони ҳифзи муҳити зист аз 185 кишвари ҷаҳон аз 22 то 26 август дар шаҳри Ванкувери Канада барои Ҳафтумин Ассамблеяи Хазинаи Ҷаҳонии Муҳити зист ҷамъ меоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram