РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Самарқанд намоиши мусаввараҳои рассомони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид

27-уми август, дар нигористони «Регистон»-и шаҳри Самарқанд ба муносибати 32-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду халқи бародар намоиши мусаввараҳои тасвири бадеӣ таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон… Устоду шогирд. Кундал» баргузор гардид. Дар ин бора рӯзномаи «Овози Самарқанд» хабар дод.

Дар он Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, узви Академияи бадеии Ӯзбекистон Иброҳим Валихоҷаев, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода ва як гурӯҳ зиёиёни аҳли фарҳанги Самарқанд, инчунин ихлосмандони тасвири бадеӣ иштирок карданд.

– Барои офаридани кундал асоси чӯбини бо гаҷ суфтакардашуда лозим аст, ки ба рӯи он аз гил нақш партофта мешавад. Он намунаи санъати анъанавии Осиёи Марказӣ мебошад, — гуфт А. Раҳмонзода дар нутқи ифтитоҳии худ. – Мувофиқи тахмини олимон замони пайдоиши ин санъати нодир ба асри ХV рост меояд. Замоне, ки дар як қатор ёдгориҳои қадимаи Самарқанд (Шоҳи Зинда, Гӯри Амир ва ғайра) усули нави ороиш рӯи кор омад, қисмҳои ҷудогонаи сақф ва деворҳои дохили биноҳоро нақшу нигори аҷибе бо истифодаи миқдори зиёди тило оро медод, ки ба дебо шабоҳат дошт. Зебоии кундал дар асоси ба ҳам пайвастани тимсолҳои мураккаб, омехтани шаклҳои табииву ҳандасӣ, бозии тахайюл бо рангҳо асос гирифта, ҳар намунаи он ҳунари хондан ва дарк карданро талаб мекунад.

Дар рафти чорабинӣ сафир ҳамаи иштироккунандагонро бо фарорасии ҷашни истиқлолияти ду кишвари бародар Ӯзбекистону Тоҷикистон табрик намуда, бо буридани тасмаи рамзӣ дари намоишгоҳро барои иштирокчиёни тадбир боз кард. Меҳмонони алоқаманди санъати тасвирие, ки аз Ҷумҳурии бародарии Тоҷикистон ва вилоятҳои кишварамон омада буданд, намунаҳои нодири кундалро аз назар гузарониданд.

Бояд таъкид намуд, ки мақсад аз гузаронидани ин намоишгоҳ мустаҳкам намудани дӯстии байни халқҳо ва ҳифзи мероси мадании ду кишвари дӯсту бародар мебошад. Равияҳои гуногуни кундал ба мо барои мушоҳидаи ҳаракати фавқулоддаи он, забони гӯёи муқаддасот, равзанаҳои гуногуни диди эҷодӣ ва усулҳои мухталифи ҷараёни офариниш, тобишҳои анъанаву авангард имкон медиҳад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram