РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати фарҳангии Тоҷикистон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони вилояти Туркистони Қазоқистон мулоқот кард

Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон  дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим бо тоҷикони муқими вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ намояндагони роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон изҳор доштанд, ки иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин ташкили намоиши   маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳрҳои Остона, Алмато ва Чимкенти Қазоқистон барои боз ҳам густариш бахшидани равобити иқтисодию  фарҳангии ду давлат нақши муҳим мебозад.

Ходимони илми Тоҷикистон таъкид намуданд, ки муваффақона фаъолият намудани ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон гувоҳи возеҳи торафт баланд шудани обрӯи онҳо мебошад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон асбоби мусиқӣ, китоб ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ тақдим гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram