РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Ҳисор шинос шуд

29 август гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии  муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ бо мавзеъҳои селзадаи шаҳри Ҳисор шинос гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки гурӯҳи кории ҳукуматӣ  бо сокинони маҳаллӣ, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, вохӯрӣ намуда, ба масъулини соҳа ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ёдовар мешавем, ки 27 авгуcт бар асари боронҳои пай дар пай  ва шадид ба хонаҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии деҳаҳои шаҳри Ҳисор хисороти ҷиддии иқтисодӣ расид.

Тавре қаблан хабар додем, бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ 28 август таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон  Сулаймон Зиёзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Ба ҳайати он Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, намояндагони дигар вазорату идораҳои марбута шомил мебошанд.

Ҳайати гурӯҳ ба маҳали ҳодисаи фавқулода- ҷамоатҳои деҳоти шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакию Варзоб рафта, зарари хисороти расидаро муайян менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram