РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Интихоби филмҳо барои озмунҳои Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» оғоз гардид

Интихоби филмҳо аз 22-юми августи соли 2023 шурӯъ гардида, то ба имрӯз зиёда аз 25 филм аз кишварҳои Эрон, Беларус, Маҷористон, Узбекистон, Покистон, Туркманистон, Қазоқистон, Россия, Арманистон, Ҳиндустон ва Чин мавриди баррасӣ ва тамошо қарор гирифта, филмҳои мувофиқ барои иштирок ва рақобат дар озмунҳои Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» тавсия дода шуданд.

Бо назардошти таҷрибаи синамоҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати интихоби филмҳо барои озмунҳои Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Комиссияи интихоби филмҳоро дар ҳайати киношиносону мутахассисони соҳа таъсис додааст. Ба ҳайати Комиссияи интихоби филмҳо Маҳмадсаид Шоҳиён-директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», Ғайбуллозода Толиб-муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», Суфизода Шодимуҳаммад-директори китобхонаи ба номи Индра Гандии АМИТ, Заур Дахте-наворбардор, Тилло Некқадамов-киношинос, Зоҳир Сафиуллоҳ-киношинос, Маҳмадулло Табарӣ-санъатшинос, Абдурофеъ Рбизода-филмноманавис, Назар Назаров-сармуҳаррири Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» шомил шудаанд.

Хотирнишон бояд кард, ки дар Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» филмҳо дар ду озмун-озмуни филмҳои ҳунарии пурра ва озмуни филмҳои ҳунарии кӯтоҳ иштирок ва рақобат хоҳанд кард.

Қабули филмҳо аз кишварҳои Аврупо, Осиё ва Иттиҳоди давлатҳои мутсақил идома дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram