30 августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Теа Ҷалиашвилиро бинобар анҷом ёфтани фаъолияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз ВКХ хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистону САҲА-ро дар чаҳорчӯби се ченаки ҳамкорӣ – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.