РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо бо муовини ёвари мудир оид ба масъалаҳои Осиёи Агентии рушди байналмилалии ИМА мулоқот кард

1 сентябри соли 2023 вохӯрии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой бо Муовини ёвари мудир оид ба мсъалаҳои Осиёи Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка (USAID) Анҷали Каур баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳои татбиқшаванда, ки аз ҷониби Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка (USAID) маблағгузорӣ мешаванд, аз ҷумла, тиҷорат дар Осиёи Марказӣ, Лоиҳаи CASA-1000, ташаббуси рушди оянда, таъмини оби деҳот, фаъолияти пурзӯр намудани иқтидори идоракунии захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон аз ҷониби USAID ҷиҳати мусоидат барои маблағгузории ҳадафҳои стратегии кишвар ва арзёбии раванди татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла татбиқи «Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии сармоягузорӣ барои соли 2021» ва мустаҳкамгардонии сарҳадот дархост гардид.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram