РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндагони ниҳодҳои сайёҳии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуданд

«Марҳилаи нави ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи сайёҳӣ» — таҳти чунин унвон 7 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат маҳсуб мешавад, сухан гуфт.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораю вазоратҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат созмондиҳандагони форум буданд.

Дар кори форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ширкатҳои сайёҳии ватаниву хориҷӣ, намояндагони соҳаи сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ, намояндагони сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.


Тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои ИДМ дар самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар самти сайёҳӣ ва дигар паҳлуҳои масъалаҳои соҳа аз ҳадафҳои асосии Форуми байналмилалии сайёҳӣ арзёбӣ мегардад.

Иштирокдорони Форуми байналмилалии сайёҳӣ масъалаҳо вобаста ба ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳои мақсаднок, инчунин алоқамандии тарафайн бо густариши минбаъдаи робитаҳо байни ширкатҳои сайёҳии ватаниву хориҷӣ ва давлатҳои ИДМ-ро муҳокима намуданд.

Инчунин дар ҷараёни Форуми байналмилалии сайёҳӣ намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватаниву хориҷӣ бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба мамлакатҳои ҳамдигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Дар ҳошияи Форуми “Марҳилаи нави ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи сайёҳӣ” дар муассисаи давлатии “Боғи Ирам” Намоишгоҳи сайёҳии “Душанбе — шаҳри сайёҳӣ” бо намоиши молу маҳсулоти сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, армуғонҳо ва лавозимотҳои сайёҳӣ, таомҳои миллӣ, имконият ва мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе пешкаши меҳмонон ва иштирокчиёни Форум гардонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram