РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд. Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» оғоз шуд

12 сентябр дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28-уми шаҳри  Хуҷанд даври сеюми озмуни ҷумҳуривии «Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат»  оғоз ёфт. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Суғд хабар доданд.

Чорабиниро муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ифтитоҳ намуда, паёми муборакбодии Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Раиси комиссияи даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Раҷаббой Аҳмадзодаро расонид.

Таъкид карда шуд, ки тибқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» гузаронида мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram