РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкориро дар самти филмбардории муштарак тақвият медиҳанд

12-уми сентябри соли 2023 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори Маркази фарҳангии ба номи Свами Вивеканандаи назди Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Динеш Бҳардваҷ мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Зимни мулоқот рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангию синамоӣ, филмбардории муштарак, ҷалби мутахассисони соҳа барои филмбардорӣ, иштироки синамогарони маъруф дар чорабиниҳои синамоӣ, намоиши филмҳо мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуданд.

Таъкид гардид, ки дар оянда тақвият ва таҳким бахшидани робита ва ҳамкориҳои судманд миёни ниҳодҳои синамогарӣ, ба роҳ мондани филмбардории муштарак бо ҷалби мутахассиони ҳирфаии Тоҷикистону Ҳиндустон ва намоиши филмҳо ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram