Аз 24 то 29 октябр дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи VII байналмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари Хаёл” баргузор мешавад. Дар он театрҳои касбии лухтак аз кишварҳои ИДМ ва лухтакбозони кишварҳои дурдаст ширкат мекунанд. Дар ин бора аз Театри давлатии лӯхтаки «Лухтак» (Душанбе) хабар доданд.
Ҳадафи аслии ҷашнвора таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуди тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.
Тамошобинон метавонанд намоишномаҳои театрҳои Русия, Қазоқистон, Узбакистон ва Эронро бубинанд. Ғайр аз ин, донишҷӯёни шуъбаи лухтаки Институти давлатии маданияти Туркманистон (Ашкобод) бори аввал дар «Чодари Хаёл» баромад мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора театри «Лухтак»-и пойтахт, театри лӯхтаки шаҳри Бӯстон ва театри лӯхтаки «Афсона»-и шаҳри Бохтар намояндагӣ мекунанд.