РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи махсус оид ба ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея иштирок намуд

Имрӯз дар шаҳри Сеул Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи махсус оид ба ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Таъкид гардид, ки ҷаласаи мазкур ба эҷоди платформаи нав ва муайян намудани уфуқҳои нави ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея замина гузошт. Тоҷикистон аз ташаббуси таъсиси муколамаи стратегӣ дар шакли «Раисони парлумонҳои Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ҷонибдорӣ менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, иттилооту коммуникатсия ва ҳамкории транзитию нақлиётӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон мебошанд.


Ба гуфтаи Раиси Маҷлиси намояндагон, Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, тавассути бунёди якчанд неругоҳҳои барқи обии иқтидорашон гуногун саъй дорад, ки бахши энергетикаи «сабз»-ро ба манфиати тамоми минтақа ба таври ҳамаҷониба рушд диҳад.

«Самти ояндадори ҳамкории мутақобилан судманди мо низ метавонад таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ барои содироти минбаъда бошад. Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионии дорои аҳамияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд», — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Изҳори итминон шуд, ки натиҷаи ҷаласа ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии давлатҳо такони нав бахшида, ба таъмини сулҳу субот, рушди устувор ва шукуфоии минтақа мусоидат менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram