РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон. Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ» оғоз шуд

Дар шаҳри Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ» оғоз гардид, ки барои қадрдонӣ намудани ғолибони ҷойи аввали даври вилоятии озмун 3 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 2 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Озмун аз рӯйи як номина – «Қироат ва шарҳ додани ҳикояҳои манзум ва байтҳо аз «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» доир гардида, иштирокчиён ба чор гурӯҳ, яъне хонандагони синфҳои 9-11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ҷудо мешаванд.

Даври ҷумҳуриявии озмуни «Маснавихонӣ» охири моҳи сентябри соли равон дар зодгоҳи шоир — ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки ғолибони даври дуюм аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 24 майи соли равон «Куллиёти Мавлоно» ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ гузаронида мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram