РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дабири кулли САҲА мулоқот кард

19 сентябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ш. Ню-Йорк бо дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ҳелга Шмид вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистону САҲА-ро дар чаҳорчӯби се ченаки ҳамкорӣ – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба вазъ дар минтақа ва Афғонистон, мубориза бо терроризм, ҳамкорӣ дар масъалаҳои обу иқлим табодули назар намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram