РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Пешвои миллат ва эҳёи рӯдакишиносӣ дар замони муосир

Таърихи дуру наздики халқҳои мутаммадини ҷаҳон собит сохтааст, ки таҳаввулотҳои бунёдӣ дар умури сиёсиву иҷтимоӣ, дар тафаккуру андеша ва афкори миллӣ, дар фарҳанги зиндагӣ, дар зеҳну шуури ҷомеа, дар ба арсаи сиёсӣ омадан ва кору пайкори шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, ашхоси дар фазилату иродати сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии халқро таҷассум кардаанд, пайвстагии ногусастанӣ дорад. Дар мавриди таҳаввулотҳои таърихию созанда дар замони истиқлоли кишварамон андеша ронда академик Н. Салимӣ ва таърихнигори шинохта А. Шарифзода вобаста ба нақши шахсият дар таърих ду масъалаи муҳимро таъкид менамоянд: “Якум дар шахсияту ҳайсияти инсонӣ ва ҷаҳони маънавии Пешвои милати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон, ормонҳои милливу мардумӣ ва эҳсоси ворисияти таърихӣ як хосияти фитрӣ буда, солҳо пеш аз касби қудрат дар зеҳну сиришти ӯ дар ҳадди шинохти худу ҷаҳон бар мабнои ин муқаддасот ва масъулият дар баробари номуси миллӣ ва ватандорӣ парваришу камол ёфта аст. Дуюм миллати тоҷик ва тамаддуни ҷаҳоншумули он дар дараҷаи панҷҳазорсолаи худ дар канори пурбаракаташ фарзонагону абармардон мепарварид, ки дар қиёми офоти ҳаводис бо ҳиммату машраби олӣ барои дифоъ аз марзу бум, забону фарҳанг ва номуси миллӣ қад алам мекарданд”.

Воқеан, дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат аз ибтидо, дар баробари эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, масъалаи шинохти тозаи шахсиятҳои бузурги сиёсӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва илмию адабӣ, ба ҳайси сарчашмаи файёзи худогоҳию худшиносии миллӣ мақому ҷойгоҳи хос дошт. Ба нашр расидани силсилаи китобҳои таърихӣ ва хоса китоби “Чеҳраҳои мондагор”2 далели равшани ин гуфтаҳо мебошад. Яке аз шахсиятҳое, ки ҳам дар китоби номбурда ва ҳам дар таълифоти дигари илмию таърихии Пешвои миллат мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифтааст, ин қофиласолори шеъру адаби форсии тоҷики устод Рӯдакӣ мебошад. Дар замони истиқлол маҳз ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат рӯдакишиносӣ ҳамчун як самти пурбори илми адабиётшиносии тоҷик аз нав эҳё гардид. Бо ибтикори Пешвои миллат соли2008, яъне соли таҷлили 1150- солагии ин абармарди адабу фарҳанги тоҷикон Соли бузургдошти Рӯдакӣ эълон гардид.

Дар ин соли пурбору пурбаракат оромгоҳи устод Рӯдакӣ дар зодгоҳаш деҳаи Панҷрӯд азнавсозӣ ва атрофи он ободу зебо карда шуд ва дар ҷумҳури рӯзи 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ эълон гардид. Дар ҳамон рӯзҳо дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалӣ бо шукуҳи хоса доир шуд, ки дар он олимони маъруфи ҷаҳон, рӯдакишиносони шинохта аз кишварҳои Ғарбу Шарқ иштирок ва суханрониҳои илмӣ намуданд. 10 сентябри соли 2008 ҳангоми боздид аз Оромгоҳи устод Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд, Сарвари давлат дар ҳузури меҳмононони Синпозими байналмилалӣ ва аҳли илму адаби кишвар дар мавриди шахсият, аҳволу осор ва мақому мартабаи адабию фарҳангии устод Рӯдакӣ суханронии муфассал намуда, дар он самтҳои ояндаи рӯдакишиносиро ба таври илмӣ ва равшан муайян намуданд. Таъкид шуд, ки бидуни шинохти илмию таърихии аҳволу осори Рӯдакӣ мо наметавонем мақому мартабаи дудмони мубораки Сомониёнро дар таърихи халқамон ба таври лозимӣ муайян созем. Рӯдакӣ воқеан, нуқтаи дурухшонест дар фарҳангу адаби аҳди Сомониён ва ин нуқта дар таълифоти аксари рӯдакишиносон ва маррихони замони Сомониҳо таъкид мешавад.

Таълифолти дигари муҳими Сарвари давлат, ки дар эҳёи раванди рӯдакишиносӣ дар илми адабиётшиносии муосири тоҷикӣ нақши консептуалӣ ва дастурӣ дорад ин мақолаи “Қофиласолори адабиёти тоҷику форс мебошад”. Дар мақолаи мазкур Пешвои милат зарурат ва аҳамияти омӯзиши мероси адабию илмӣ ва кору пайкори шахсиятҳои бузурги гузаштаю муосири миллатро тавзеҳ дода, таъкид менамоянд, ки устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушуарро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Гузашта аз ин, муаллиф муҳит ва фазои таърихию фарҳангии аҳди Сомониёнро, ки барои зуҳури шоирони бузурге мисли Рӯдакӣ шароит фароҳам оварда буд, тавзеҳ дода, хидмати амирону вазирони ин дудмони шарифро дар таърихи ташаккули давлатдории миллӣ ва одобу фарҳанги тоҷикӣ махсус таъкид менамояд. Воқеан, Сомониён суннатҳои давлатдории миллиро устувор кардан, ки онро баъдан ба қавли таърихнигори маъруфи тоҷик Н.Турсунов сулолаҳои Ғазнавиён, Салҷуқиён, Темуриҳо ва дигарон бо ифтихор идома доданд.

Бояд таъкид кард, ки дар мақолаи дар боло зикргардидаи Пешвои миллат моҳияти тарбиятию ахлоқии шеъри Рӯдакӣ, аҳамияти он дар ташаккули эҳсоси ватанпарастӣ ва худшиносии миллии наслҳои имрӯзу ояндаи миллати тоҷик махсус таъкид мегардад. Ин дастури Сарвари давлат дар мавриди интишори шеъри Рӯдакӣ, барои нашрҳои гуногуни ашъори шоир, таълиму тадриси бештари ғояҳои баланди эҷодиёти ӯ дар замони мо замина мегардад, чунон ки ба ҳамагон равшан аст, Президенти кишвари мо иззату арҷдоштани одамро, тарбият намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ахлоқу одоби ҳамидаи инсониро пайваста таъкид менамоянд.

Дар мақолаи мариди назар инчунин рисолат ва нақши милатсозии устод Рӯдакӣ ба таври возеҳ таъкид мегардад, ки ин нукта ҳам дар рӯдакишиносии замони мо тадриҷан ба консепсияи меҳварӣ табдил меёбад. Пешвои миллат моҳияти ин андешаро равшан сохта таъкид медоранд, ки Рӯдакии бузургвор, ки фарогири илму дониши Шарқу Ғарб ва нобиғаи замон буд, бо фаросати эзадӣ дарк менамуд, ки чи рисолати миллатсозӣ ва масъулиятбори таърихӣ бар дӯши ӯ афтодааст.

Дар баробари баррасии аҳволу осор ва шукуҳу азамати миллӣ ва адабию таърихии Рӯдакӣ Пешвои миллат ба чанд нуктаи дигар ишорат менамоянд ва таваҷҷуҳи аҳли таҳқиқро ба онҳо ҷалб месозанд. Нуктаи аввал муҳити зиндагӣ ва камолоти шоир, баъдан фазои сиёсӣ ва адабию илмӣ ва фарҳангии дарбори амирони Сомонӣ мебошад. Сарвари давлат таъкид месозанд, ки Рӯдакӣ ҳанӯз дар овони навраси Қуръонро аз бар намуда, ба омӯзиши дигар илмҳои маъмули замонаш оғоз карда буд.8

Маълум мешавад, ки илму дониш дар он аср на танҳо дар шаҳрҳои бузург, балки дар музофоти кӯҳистони тоҷик вуҷуд доштааст ва дар он замон шъори шоирони пешин, суруду таронаҳои маҳаллию мардуми завқи шоири овозадори ояндаро шодоб мегардонид. Воқеан, омӯзиш ва таҳқиқи минбаъдаи амиқтару фарогиртари замону макони камолоти Рӯдакӣ, муҳити Бухорои замони ӯ, равшан сохтани саҳифаҳои тозаи таърихи давлатсозию давлатдории дудмони шарифи Сомониён имкон медиҳад, ки рӯдакишиносии муосири тоҷик пурғановат ва пурбортар гардад.

Ҷои таъкид аст, ки Бухорои замони Рӯдакӣ, аз ҷумлаи пурнуфузтарин шаҳрҳои ҷаҳони ислом ба ҳисоб мерафт. Ин шаҳри муборак дар он рӯзгорони таърих на танҳо маскани сукунати нажоди ориёӣ ва форсизабонон буд, балки маркази бузурги инкишоф ва интишори донишҳои замон ҳам ба шумор мерафт. Замони Рӯдакӣ замоне буд, ки Бухоро пойтахти умарои Сомонӣ ва маркази рушду шукуфои шеъру адабиёти форсӣ гардид. Чунон ки Саид Нафисӣ ишора мекунад, “дар оғози ислом мардуми Бухоро дар намоз Қуръон ба порсӣ мехонданд ва забони тозӣ натавонистандӣ омӯхт”.9

Пешвои миллат дар китоби пурбору пурмуҳтавои “Забони миллат- ҳастии миллат” шукуҳу азамат ва шукуфоӣ ва марҳиллаи эҳёи тозаи забони форсии тоҷикиро тавзеҳ дода, воқеъбинона таъкид менамоянд, ки аҳди Сомонӣ бешубҳа, дурахшонтарин саҳифаи таърихи давлатдории тоҷикон ва пурбортарин давраи наҳзату шукуфоии забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) маҳсуб мегардад.10

Дар он замон амирони Сомонӣ дуруст дарк карда буданд, ки бидуни эҳёи суннатҳои қадимаи миллии ориёӣ ва рушду тарақӣ додани забони форсии тоҷики наметавон истиқлоли воқеии давлатро таъмин намуд. Дар ин давра чунон ки дар китоби мавриди назар ҳам ишора мешавад, забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) мояи ифтихор ва василаи сарнавиштсозу ваҳдатофари қавмҳои эронинажод маҳсуб мешуд. Ба ҳамин хотир, ин забонро амирони сомонӣ ба сифати забони расмии давлатӣ пазируфтанд ва барои шукуфоии он дар тамоми қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон роҳи васеъ кушоданд. Амирони сомонӣ мисли Яъқуби Лайси Саффорӣ ба забону адабиёти халқи худ ишқу алоқаи хос ва муҳаббату иртиботи беандоза доштанд. Муҳимтарин омили ривоҷи забон дар аҳди Сомониён дар баробари ривоҷи шеъру адаби форсии тоҷикӣ, ба роҳ мондани наҳзати тарҷима буд. Бо ибтикори Абӯсолеҳи Мансур ва Абӯалии Балъамӣ ба забони форсии тоҷиқӣ аз забони арабӣ баргардон шудани “Тарҷумаи Тафсири Табарӣ” дар ҳафт ҷилд далели равшани ин гуфтаҳост. Гузашта аз ин, чунон ки дар китоби “Забони миллат — ҳастии миллат” ишора мешавад, бо ибтикори шоҳони Сомонӣ ва дарбориёни адабдӯсти онҳо дар қаламрави кишвар китобхонаҳои зиёде ташкил карда мешавад, ки бузургтарину бошукуҳтарини он дар пойтахти давлат шаҳри Бухоро бунёд мегардад. Дар ин китобхона донишмандони бузурге мисли Абӯалии Сино ва Абӯрайҳони Берунӣ ба таҳқиқу тадрис ва мутолиаю омӯзиши илмҳои замони худ машғул буданд.

Дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” ҳам ба нақши устод Рӯдакӣ дар ташаккули забони форсии тоҷикӣ дар аҳди Сомонӣ ишора намуда, Пешвои миллат таъкид менамоянд: “Хизмати Рӯдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ низ хеле бузург аст. Маҳз ӯ ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки он ба забони меъёрии илму адаб табдил ёфта, боиси мондагорӣ ва густариш пайдо кардани забони ноби тоҷикӣ гардид”.11 Воқеан, дар шеъри Рӯдакӣ калимаю вожаҳои сирф тоҷикӣ, таъбиру ифодаҳои мардумии равону дилнишин ба забони назми оламгири форсии тоҷикӣ ворид гардида, забони адабии моро рангину пурғановат гардонид. Забони шеъри Рӯдакӣ ба таъбири Пешвои миллат аз забони зиндаи халқ сарчашма мегирад.

Маҳз ба шарофати фазилатҳои номбурда, яъне баъд аз ёздаҳ қарн хонандаи имруза дар қаламрави забони тоҷикии форсӣ Рӯдакиро бидуни ягон мушкилӣ мехонад ва мефаҳмад. Бо назардошти саҳму нақши устод Рӯдакӣ дар ташаккул, эҳё ва инкишофи забону адаби форсии тоҷики дар замони Сомониён Пешвои миллат таваҷҷуҳи аҳли таҳқиқиро ба яке аз масъалаҳои муҳими адабиётшиносии муосир ҷалб менамоянд: “Аслан, яке аз проблемаҳои ҷиддие, ки дар таърихи адабиёти мо вуҷуд дорад ва бояд бо ниҳояти диққат ва назокат ҳал шавад, ин масъалаи саҳми тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросон дар зинда нигоҳ доштан ва парвариши забону адбаиёти тоҷику форс аст. Ин ганҷинаи нодир ва саршор бидуни шак, сарвати миллии тамоми форсизабонон аст… Имрӯз далелҳои қави вуҷуд дорнад, ки дар асоси онҳо донишмандон макони зуҳур ва нашъунамои забон ва адабиёти тоҷикиву форсиро Мовароуннаҳру Хуросон медонанд”12.

Ин қабил ишораҳои дастурӣ, ки дар китобҳо ва мақолаю суханрониҳои Пешвои миллат шудааст, аҳли таҳқиқро водор месозад, ки ба аҳволу осори Рӯдакӣ, муҳити камолоти ӯ, фазои сиёсӣ ва таърихию фарҳангии аҳди Сомонӣ, мазмуну муҳтаво ва андешаҳои баланди миллию хештаншиносии шеъри Рудакӣ ва муосирони ӯ назари тозаю имрӯзӣ андозанд. Воқеан, шеъри Рӯдакӣ ва ашъори ҳамасрони ӯ, мисли “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва шоҳномаҳои дигари дар он рӯзгорон таълиф гардида, метавонанд барои наслҳои имрӯзу фардои кишвари мо ба ҳайси сарчашмаи файзбахши андешаҳои волои инсонию ахлоқӣ ва маърифатию худогоҳии миллӣ хизмат намоянд.

Шамсиддин Солеҳов,

доктори илми филология, профессор, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram