20 сентябри соли 2023 дар ҳошияи иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба маблағгузории соҳаи рушд ширкат намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
С. Муҳриддин зимни суханронии худ оид ба иқдомҳои Тоҷикистон дар самти амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор маълумот дода, аҳамияти тақвияти фаъолияти СММ-ро барои дастгирии кишварҳои узв дар татбиқи Рӯзномаи 2030 ва маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувори он муҳим арзёбӣ намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин ба зарурати таҷдиди сохтори молиявии байналмилалӣ ба мақсади таъмини сафарбаркунии маблағгузории устувор ва дарозмуддат барои сармоягузориҳои зарурӣ таъкид намуд.