(таассурот аз Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид)
Суханронии хешро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин оғоз бахшиданд: “Дар шароити ҳассоси имрӯза ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар замони дигар ба ҳамгироӣ ва эътимод ниёз дорад.”
Дар ҳақиқат имрӯз башарият дар як давраи тақдирсоз қарор дорад. Аз як тараф мушкилоти экологӣ дар натиҷаи муносибати инсон ба табиат торафт амиқтар гардида, фоҷиаҳои наверо пешорӯйи башарият қарор додааст, аз дигар сӯ, мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ба муборизаҳои шадиди байни давлатҳо ва абарқудратҳо овардааст. Имрӯз алангаи муноқишаҳои хурду бузург дар тамоми қисматҳои сайёра ба назар мерасад ва бори дигар нишон медиҳад, ки инсоният дар натиҷаи сиёсати нодуруст барои худ мушкилоти нав эҷод кардаву мекунад.
“Терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, инчунин авҷ гирифтани “ҷанги сард” ба пойдории сулҳу субот, амният ва рушди байналмилалӣ таҳдид мекунанд.” – таъкид намуданд Пешвои миллат. Дар меҳвари суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин мушкилот ба баррасӣ гирифта шуда, бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи башариро ба хатару таҳдидҳои бархоста аз воқеияти ҷаҳони муосир равона сохтанд. Аслан, дар ҳама амал ва суханрониҳои Пешвои миллати мо як мавқеи устувореро мебинем, ки ба ҳалли мушкилоти башарӣ асос ёфтааст. Тавре маълум аст, таҳаввулоти хатарзое ҷаҳони муосирро фаро гирифта, рӯз то рӯз шиддату суръат мегирад. Танҳо сиёсатмадороне, ки тақдири инсоният барояшон бетафовут нест, барои пешгирии ин хатарҳову таҳдидҳо талош доранд. Аз ҷумлаи чунин роҳбарон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, пайваста дар ин самт иқдомҳои башардӯстонаро роҳандозӣ менамоянд.
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускори ҳалли мушкилоти экологии ҷаҳони муосир шинохтаву эътироф гардидааст. Ин ҳама аз сиёсати дурбинона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Сарвари Давлати мо ҳамчун як сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ ҳамеша таъкид медоранд, ки мушкилоти экологии сайёра аз муносибати инсонҳо ба табиат вобастааст ва мо бояд назди наслҳои оянда масъулият эҳсос намоем. Қабули 5 ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки ҳамаи кишварҳои олам ба иқдомоти ҷониби Тоҷикистон бо дарки масъулият муносибат кардаанд. Тағйирёбии иқлим, баландшавии ҳарорати ҳаво, обхезӣ пешорӯйи мо мушкилоти наверо овардааст. Ба таъкиди Сарвари Давлат “Пайомадҳои манфии ин раванд, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, ярч ва сӯхтор дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз падидаҳои хеле нигаронкунанда мебошанд.”
Ташаббуси Тоҷикистон буд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милал соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуда, Қатънома қабул кард. Ва кишвари мо дар самти ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва пиряхҳо дар чанд соли пешмеомада мизбони бузургтарин ҳамоишҳои байналмилалӣ дар ин раванд мегардад. Ин мизбонӣ аз як тараф ба ҳалли мушкилоти марбута мусоидат намояд, аз тарафи дигар боиси боз ҳам боло рафтани обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мешавад. Мо аллакай шоҳид ҳастем, ки дар Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳову созмонҳо корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабиниҳо бомаром идома доранд.
Ин ҳама нишони он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти ҷомеаи башарӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда доранд.
Сангин Гулов,
мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии
факултети журналистикаи ДМТ, дотсент