РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Консерваторияи миллӣ лабораторияи омӯзишӣ ба фаъолият шуруъ кард

21 сентябри соли 2023 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов лабораторияи омӯзишӣ, ҷиҳати таҳқиқ, таъмир ва тармими созҳои миллии мусиқӣ таъсис дода шуда, ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Дар ифтитоҳи лаборатория Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, кормандони раёсати муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорат, профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҳадаф аз таъсиси лаборатория — омӯзиш, таҳқиқ, таъмир, таҷдид ва ба талаботи замони муосир мувофиқ намудани созҳои миллии халқи тоҷик мебошад.

Ҷалби муҳаққиқон ва устоҳои бомаҳорати созҳои халқӣ имкон медиҳад, ки асбобҳои мусиқии дар тӯли таърихи бисёрасра ташаккул ёфта, дар заминаи технологияҳои муосир тарҳу садои нав пайдо карда, дар шакли якканавозӣ, ансамблӣ ва оркестрӣ дар кишвар мавриди истифода қарор дода шаванд.

Дар баробари ин, Вазири фарҳанг аз синфхонаи лингофонии муҷаҳҳаз бо технологияҳои навин, ки бо дастгирии Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” таъсис дода шуд, китобхонаи муассиса, дарсҳои таълимии оркестри симфонии донишҷӯён ва хори донишҷӯёни Консерватория дидан намуда, бо консепсияи барномаҳои ҳунарӣ бахшида ба 20-солагии Консерватория шинос шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram