РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Самарқанд таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ оғоз шуд

Имрӯз дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини  мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилтаҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор оғоз намуд. Дар ин бора аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷаласаро Раиси Шурои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ифтитоҳ намуд.

Дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти  Шурои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин дар давраи байни ҷаласаҳои XXV ва XXVI шунида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 21 сентябр дар доираи иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин, инчунин дар доираи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Русия (Роснедра) барои солҳои 2023-2025 мулоқоти кории Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо директори Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Русия (Роснедра) Евгений Петров доир гардид.

Дар мулоқот татбиқи барнома тӯли як сол, инчунин масъалаҳои мубодилаи таҷриба оид ба коркарди иттилооти геологӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ (қаъри замин), мубодилаи иттилооти геологӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ (қаъри замин), мубодилаи маълумот дар бораи махзанҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва методии истифодаи сарватҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, мубодилаи таҷриба дар соҳаи экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ оид ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, ҳамкории мутақобила ва табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисони соҳаи геология мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram