РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Хуҷанд Маҷмааи муосири варзишии “Суғд Арена” бунёд мешавад

24 сентябр бахшида ба Рўзи шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кўчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ба сохтмони Маҷмааи муосири варзишии “Суғд Арена” санги асос гузошта шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Хуҷанд хабар дорданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа дар кўчаи Сирдарёи шаҳр дар ҳудуди Муассисаи давлатии Мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Суғд бунёд карда мешавад.

Баъди истифодадиҳӣ дар маҷмааи варзишӣ бештар аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар як вақт то 1000 нафар варзишгар ба машқу тамрин фаро гирифта мешавад. Тамоми иншоот дар асоси талаботи замони муосир бунёд мегардад. Лоиҳакаши бино Филиали ҶСК Пажўҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашии САНИИОСП дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Маҷмааи варзишии “Суғд Арена” дорои толорҳои варзишии бокс, гўштингирӣ, гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот, шашка, тенис, тэквандо буда, бунёди толорҳои калони баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин толори машқи бадан бо мағозаи фурӯши хӯрок ва молҳои варзишӣ, маркази барқароршавӣ бо толорҳои маҳси бадан, толори мураббиён, синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ, толори конфронс ва дигар иншооти ёрирасон мавҷуд мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram