Аз 21-ум то 23-юми сентябри соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2023” баргузор гардид, ки дар он 5 нафар: Алимзода Мастура Бозорбой — мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №24-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, Бобоҷонова Марҳабо — мураббияи кӯдакистони №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Ғафурова Фариза Наҷмиддиновна — мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №8-и шаҳри Ҳисор, Мадиева Шукрона Муродовна — мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Оҷибангиева Саврина Касировна — мураббияи кӯдакистони №5-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуда, аз рӯйи шаш шарт ҳунару маҳорати худро санҷиданд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Маросими ҷамъбастии озмун дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Саидзода Раҳим Ҳамро –вазири маориф ва илм, аъзои кумитаи тадорукот, ҳайати ҳакамон, рӯзноманигорон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун сурат гирифт. Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар бораи таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, махсусан, самти таҳсилоти томактабӣ сухан намуда, хулосаи ҳакамон ва фармоиши вазири маориф ва илмро дар бораи эълон шудани ғолиби озмун ва қадршиносии иштирокчиён қироат намуд.
Тибқи натиҷагирии аъзои ҳакамон Мадиева Шукрона Муродовна — мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ғолиби озмун дониста шуда, “Мураббии соли Тоҷикистон-2023” эълон гардид.
Маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиён ва ғолиби озмун 30 сентябр зимни таҷлили Рӯзи омӯзгор баргузор мегардад.