Сайёҳӣ аз сердаромадтарин соҳаи иқтисодиёти кишварҳои алоҳида ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби сарватҳои табии нотакрор ва мавзеъҳои таърихии бузург буда, барои инкишофи соҳаи сайёҳӣ шароитҳои мусоидро доро мебошад. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва сулҳу субот дар мамлакат дар заминаи кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои рушди иқтисодиёти миллӣ, соҳаи сайёҳӣ низ дар 32 — соли соҳибистиқлолӣ ба маротиб рушд ёфта, имрӯзҳо имконоти сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида истодааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ хеле зиёданд, ки ҳар яке дар алоҳидагӣ муаррификунандаи таъриху фарҳанг ва табиати нотакрори Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Яке аз ин ёдгориҳои таърихию бостонӣ, ки дар қисмати ҷануби Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ҷойгир аст, «Тахти Сангин» ба ҳисоб меравад. «Тахти Сангин»дар қисмати шарқии Қубодиён дар пушти қаторкӯҳи Тешиктош, дар соҳили рости рӯди Омӯ қомат афрохтааст. Номи қадимааш «Тахти Сангин»набуда, бо ин ном дар сарчашмаҳо ва навиштаҳои таърихӣ зикр нашудааст. Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносон маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино шуда, бинобар ин, олимон онро «Тахти Сангин»номиданд ва азбаски ёдгории мазкур монандӣ ба “Тахти Ҷамшед” (Персеполис) пойтахти империяи Ҳахоманишиён дошт, дар номгузорӣ ба он пайравӣ намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки аз қисмати болоии «Тахти Сангин» кӯҳи баланд қомат рост намудааст, ки сангаш оҳаксанг аст ва ҳамчун масолеҳи сохтмони ҳунармандони маҳаллӣ ҳангоми сохтмон аз он истифода намудаанд, ки ин мавзеъ ҳамчун «Тахти Сангин» ном гирифтанаш асос шуда метавонад.
Дафинаи Амударё ва маъбади «Тахти Сангин» муҳаққиқони ҷаҳониро аз соли 1877 то ба имрӯз ба худ ҷалб намудааст. О. Далтон нахустин муҳаққиқ буд, ки дар бораи Хазинаи Амударё ва маъбади «Тахти Сангин» ва ба унвони «Ганҷинаи Амударё» соли 1905 рисолаи алоҳида навишта, нисбати ёдгориҳои ин мавзеъ хулосаи баланд додааст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки «Тахти Сангин» дар яке аз мавзеҳои зебоманзари ноҳияи Қубодиён, ки шохоби се дарё Вахш, Аму ва Панҷ бо ҳам як мешавад ҷоигйр аст. Аз ин мавзеъ роҳи Бузурги Абрешим мегузарад, ки тоҷирон ҳунари волои мардуми ин мавзеъро то ба Ҳиндустон бурда, муаррифӣ менамуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар нимаи дуюми асри XIX бозоргонони бухороӣ аз мавзеъ гузашта бозёфтҳои “Тахти Сангин”- ро аз мардуми маҳаллӣ харидорӣ намуда, ба бозорҳои Ҳиндустон барои фурӯш бурданд, ки пасон аз ҷониби англисҳо харида, ба осорхонаи Британияи Кабир туҳфа карда шуд. Ин ёдгориҳо диққати олимони ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда, дар натиҷаи омӯзишҳо муайян намуданд, ки ватани аслии ин ёдгориҳо ноҳияи Қубодиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруф бо номи «Хазинаи Амударё» аст. Аз рӯйи навиштаи тактори илми таърих Виктор Степанович Соловёв маълум намудан мумкин аст, ки роҳнамои муҳим дар кашфи ёдгории «Тахти Сангин» маълумоти сайёҳ ва афсари Русияи Подшоҳӣ Н.Маев буд. Ӯ дар сафарномаи худ барои пажуҳишгарони осори бостонии давраҳои баъдина ахбори пурарзише боқӣ гузошт, ки муҷиби дарёфти макони аслии «Хазинаи Амударё»-ро муайян намуд.
Солҳои 20-уми асри ХХ бостоншиноси маъруф Б.П. Денике сарварии экспедитсияи бостоншиносии осорхонаи «Тамаддуни Шарқ»-и Маскавро, ки дар Тирмиз ковишҳо мегузаронд, ба уҳда дошт. Ӯ пас аз омӯзиши навиштаҳои афсарону сайёҳони Русияи подшоҳӣ ба вайронаҳои ду шаҳрак таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Бостоншиноси шинохта М.М. Дяконов, ки умри худро дар омӯзиш ва муаррифӣ намудани таърихи халқи тоҷик ба ҷаҳониён бахшида буд, солҳои 50-уми асри ХХ дар бораи «Тахти Сангин» маълумоти муҳиме пайдо намуд. Аз рӯйи навиштаҳои ӯ харобаҳои Қалъаи Утар, ки дар харитаи асри XIX зикр шудааст, ҳамин ёдгории «Тахти Сангин» аст.
- Аз соли 1976 то соли 1989 экспедитсияи бостоншиносии Академики АМИ Тоҷикистон Б.А. Литвинский ва сардори отряди “Тахти Қубод”И.Р. Пичикян кофтукови теппаи аркро анҷом доданд. Дар натиҷа ибодатгоҳи муҳташаме кашф шуда, ки дар он зиёда аз 500 намунаи ашёҳо маҳфуз буда, ба таҳқиқи муҳаққиқон ин ашёҳо ба давраҳои гуногуни байни асрҳои V то милод–II милодӣ тааллуқ доранд. Дар байни онҳо садҳо тангаҳои юнону бохтарӣ, ашконӣ, кушонӣ ва ҳиндӣ ба даст омадаанд. Дар ибодатгоҳ боқимондаҳои ҳайкалҳои аз ганҷ ва гил сохташудаи замони эллинӣ, маҳсулоти ҳунармандии аз устухони фил сохташуда, зиёда аз 3000 пайкони найзаи оҳанӣ ва 50 дона пайкони биринҷӣ, кордҳои маҳалли сохт, кордҳою шамшерҳои артиши савора ва пиёданизоми юнонӣ, ашёи санъати тасвирӣ ва ғайра ёфт шуданд. Ин ҳама бозёфтҳо гувоҳӣ аз таърихи қадима доштани миллати тоҷик медиҳад.
- Оид ба арзиши баланд доштани «Тахти Сангин» олимони варзидаи ҷумҳурӣ Музаффар Азизов ва Ҷонибеки Асрориён чунин навиштаанд. «То ифшои рози ин ёдгории беназир шоҳигарии Бохтари куҳан барои олимон афсонаи ширинеро мемонд ва онҳо бовар намекарданд, ки мардуми бохтарӣ дар эҷоди тамаддуни бесобиқа қодиранд. Ҳарчанд соли 1964 бостоншиносони фаронсавӣ Д. Шлюберже дар соҳили чапи рӯди Ому, 40 км ҷануби шаҳраки Фархори Афғонистон ёдгориеро бо номи Ойхонум кушода буд, ки нишонаҳои даврони бохтариро дошт, вале дар маҷмуъ, ба маданияти юнонӣ тааллуқ дошта мансуби қарнҳои чаҳоруми пеш аз милодӣ буд. Дар кашфи розҳои бохтариён донишмандон музтар мемонданд, зеро навиштаҳои таърихнигорон ба воқеият мувофиқат намекарданд.
Ҳатто таърихшинос, доктори илми таърих, профессор Ричард Фрайи Амрикоӣ осори солноманигоронро дар мавриди «Бохтари ҳазоршаҳр муболиға мешуморид, то замоне ки дарёфти «Хазинаи Амударё» бостоншиносонро мутаваҷҷеҳи таърихи Қубодиён кард». Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси таърии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳаққиқону олимон ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик оғоз намуданд. Ҳамин буд, ки аз ҷониби Сарвари давлат минтаҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳристи ёдгориҳои сатҳи ҷаҳонӣ ворид шуданд. Бояд зикр намуд, ки шаҳраки «Тахти Сангин» ба номгӯи феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 ворид шудааст. Зимни ҷаласаи 41-ум Конфронси генералии ЮНЕСКО, тибқи тавсияи Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41С/15 Конфронси генералӣ, номинатсияи Тоҷикистон оид ба ба 2500 — солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022–2023 ворид гардид, ки ин гувоҳӣ аз таърихи қадима доштаи «Тахти Сангин»медиҳад.
Ҳамин тавр, «Тахти Сангин» ёдгории беназири аҷдодони тоҷикон буда, омӯзиш ва донистани таърихи дар замони имрӯзаи ҷаҳонишавӣ барои ҷавонон дар ҷодаи худшиносии миллӣ аҳаммияти бузург дорад. Ва ҳамчунин барои рушди сайёҳӣ ва ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ ба ин мавзеи таърихӣ дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз аҳамият холӣ нест.