РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ЗАБОН ҲИФЗКУНАНДАИ АНЪАНА, РАСМУ ОИН ВА АРЗИШҲОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТ АСТ

Дороии асосии ӽар як қавму миллат забони ӯст. Ин аст, ки забонро рукни муӽимми давлатдорӣ ном мебаранд. Забон омили муҳими ташаккули миллат, баёнгари сарнавишт, мояи ифтихору сарфарозии соӽибзабонон мебошад. Таърихи ӽар халқу миллат дар забони ӯ таҷассум меёбад. Аз ин рӯ, тамоми миллату халқиятӽо ба забон эӽтироми шоиста доранд. Забон дар ӽаёти инсон нақши бисёр муӽим дошта, барои рушди маънавиёти ӯ хизмат менамояд.

Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон қайд намудаанд: «Забон муӽимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ӽозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад. Тавассути забон одамон бо ҳамдигар муошират карда, аз ҳоли ҳамдигар хабардор мешаванд ва таассуроташонро баён месозанд. Ҳангоми гуфтугў ва баёни фикр асолати забон боз ҳам равшантар зоҳир гардида, рукни тавонманд ва сарнавиштсоз будани он ошкор мешавад» Забон падидаи фарӽангие мебошад, ки одамонро ба ӽам муттаӽид менамояд, ба воситаи он ӽар як инсон шахсияту ӽувияти хешро мешиносад, ҷаӽонбиниашро бою ғанӣ мегардонад. Дар забон анъана, расму оин ва дигар суннатҳои ин ё он халқ ифода меёбад. Тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз намуда, ба онҳо арҷ мегузорад. Забон ганҷинаи нодиру бебаҳо ва оинаи ҳаднамои ҳар қавму миллат аст.

Имрӯз омӯзиши забон ҳамчун як роҳи пурмаҳсули тафсири фарҳанги инсон мушоҳида мегардад. Ҳар як халқу миллат дорои забони табиии худ мебошад. Дар ҳар як забон таъриху фарҳанг ва маданияту хусусиятҳои хоси ин ё он халқ таҷассум ёфтааст, ки барои забоншиносии маърифатӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти калон дорад. Забон бо пайдо шудани ҷомеаи инсонӣ дар шакли муошират (гуфтор) ба вуҷуд омадааст. Аз ин сабаб, як гурӯӽ муӽаққиқон ба он назаранд, ки ӽангоми таӽқиқи консепти «забон» пеш аз ӽама бояд ба фолклор (эҷодиёти даӽонакии халқ» рӯ овард, чунки ибтидои бунёди забон маҳз дар фолклор таҷассум ёфтааст.

Таърих гувоӽ аст, ки забонӽое, ки аз саҳнаи сиёсат дур ме- шаванд, қудрату тавонро аз даст дода, бемору заифу нотавон мегарданд ва оқибат муқовимату истодагариро дар баробари фишору тазйиҳи забонҳои ҳоким аз даст дода, рў ба нестӣ меоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Забон дар паҳно ва сояи давлат қувват ва неру мегирад ва давлат аст, ки барои рушду нумуи забон муҳити мусоиди зисту амал фароҳам меорад. Дар ӽама давру замонӽо миёни забону хат, давлат ва ӽувияти миллӣ пайванди мустақил вуҷуд доштааст. Ҳар гоӽе ки ин пайванд мустаӽкам ва неруманд гардидааст, забон марӽилаи рушду такомулро дар паноӽи давлати муқтадир паймудааст ва ӽувияти миллӣ низ дар беӽтарин ваҷӽ ба зуӽур омадааст. Ва, баръакс, суст шудан ва ё аз байн рафтани пайванди мазкур боиси заъфу нотавонӣ ва ҳатто маҳву фанои забон ва ҳувияти миллӣ гардидааст»

Агар ба забон муносибати ғамхорона аз ҷониби соҳибзабонон зоҳир нагардад, барои рушду инкишофи он саъйу талош карда нашавад, баробари рушду инкишофи илму техника ва технологияи навин гом наниҳад, забон низ ба бечорагӣ нотавонӣ гирифтор шуда, аз байн меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худашонро вобаста ба рушду ташаккули забон чунин баён намудаанд: «Масъалаи ташаккули забони илм ва истилоҳот имрўз дар ҷомеаи мо беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад, зеро дар раванди имрўзаи ҷаҳонишавӣ ва сели хурўшони ҳаводиси рўзгори пурошўби мо танҳо забони тавонманд ва ҷавобгўйи ниёзҳои илм ва фановарии муосир бо имконот ва собиқаю салиқаи худ метавонад дар баробари ин раванду ҳаводис устувору побарҷо монад. Баръакс, забоне, ки ҳамқадами замон нест ва соҳибону алоқамандони ин забон барои рушду густариши он дар заминаҳои мухталифи илму фан аз худ кору пайкори ҷиддии мондагор нишон намедиҳанд, маҳкум ба нобудист ва ногузир аз байн хоҳад рафт».

Забон бо ҷамъият ва бо соӽибони худ алоқаи зич дорад, зеро маӽз ба туфайли ҷамъият забон вуҷуд дорад. Ҷамъияту забон дар як вақт ба вуҷуд омада, яке аз омилӽои асосии пайдоишу рушди инсон маӽсуб меёбанд. Ба пайдо шудани равияи нави забоншиносии маърифатӣ ва фарӽангӣ диққати муӽаққиқон ба омӯзишу таӽқиқи забон ва инсон бештар гардид. Ин ҳама шарҳи он аст, ки забон калиди низоми андешаи инсон ба табиати равонии ӯ буда, барои тавсиф намудани миллат хизмат мерасонад. Маӽз дар забон, пеш аз ҳама тариқи матбуот, нодиртарин ва пурқиматтарин офаридаҳои нобиғаҳо — олимон, шоирону нависандагон, хуллас фарзандони оқилу донои халқу миллатҳои гуногун таҷассум меёбад. Аз рўи захираи вожагон ва истилоҳҳои забон метавон дар бораи пешрафту шукуфоӣ ва ё камбудиву норасоиҳои ин ё он соҳа маълумот пайдо намуд.

Забон ҳама ҳастии маънавию рўҳии инсонро дар худ маҳфуз медорад ва ҳастии бузурги инсон ба рўйи аҳли олам, ба пешвози рўйдоду воқеаҳои дирўзу имрўзи он дарҳои манзили худро кушода, ҳамаи онро дар бар мегирад. Барои рушди ҳам забон ва ҳам инсон заминаҳои мусоиду мувофиқи иқтисодиву иҷтимоӣ зарур мебошанд. М. Шакурӣ (Шукуров) гуфтааст: «Забон таҷассуми фикр аст, ҳама ҳастии маънавию рўҳии инсонро ифода карда, оламҳои маънавии рўҳро ба ҳам мепайвандад ва оламҳои наве эҷод мекунад, зеро зотан эҷодгар буда, натанҳо неруи эҷодкории инсонро афзоишу такомул медиҳад, балки ўро тамоман дигар мекунад, фаҳми ўро ташаккул ва ё ба куллӣ тағйир дода, одаму олами дигаре месозад. Асоси эҷодгарии забон ва моҳияти эҷодкории инсон сахт ҳамбастаи якдигаранд, аз якдигар оғоз меёбанд. Лекин, агар инсон дар ӽақиқат эҷодгар бошад, забон ӽам эҷодкору халлоқ хоӽад буд, вагарна набояд аз забон халлоқият чашм дошт. Қувваи беканори маъниофаринӣ, маънавиятпарварӣ ва инсонсозии забон ба қувваи фикру рӯӽи худи инсон вобаста аст, ба он воқеияти иҷтимоӣ вобастагӣ дорад, ки барои зиндагии инсон, барои қувватафзоӣ ва парвози фикри ӯ замина тайёр мекунад. Агар шароити иҷтимоӣ мавҷуд набошад ва инсон моӽияти эҷодгарии худро зоӽир карда натавонад, аз шукуфти табъи эҷодкории забон ҷои умед намемонад.

Тавре ки зикр намудем, забон ӽам мисли одамон дар тӯли таърих давраӽои гуногунро аз сар гузаронида, рушду нуму мекунад ва ӽамеша дар сатӽи андешаву тафаккур ва ҷаӽонбинии соӽибонаш қарор дорад. Рушди забон ба рушди миллат вобастагӣ дорад. Миллат ӽар қадар муқтадиру тавонманд гардад, забон ӽам бо ӽамон дараҷа муқтадиру тавонманд хоӽад шуд. Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон қайд намудаанд: “Агар ба таърихи забонӽои ҷаӽон аз ибтидои пайдоиш то имрӯз нигарем, мебинем, ки забони ӽар миллат дар ӽамаи давраӽои таърих дар сатӽи тараққиёти тафаккуру андешаи соӽибони он қарор дошта, дараҷаи пешрафти моддиву маънавии онро инъикос мекунад. Бо ибораи дигар миллат ӽар қадар пешрафта ва созандатар бошад, забони он ӽам ба ӽамон андоза тавоно ва зояндаву поянда аст. Азбаски диалектикаи тараққиёту инкишофи ҷомеа бар пояи навҷӯйиву навоварӣ устувор аст, бинобар ин бозёфтӽо ва дастовардӽои нави моддиву маънавии халқӽои нисбатан пешрафта дер ё зуд дар байни миллатӽои дигар, пеш аз ӽама ӽамсоягон, ё ба сурати “сулӽомез” ва ё аз тариқи нуфузи сиёсиву иқтисодӣ паӽн мегардад. Дар натиҷа забони ин миллатӽо низ марзӽои сиёсиву ҷуғрофиро шикаста, кишварӽо ва гоӽӽо сарзаминӽоро “тасхир” мекунад ва бо истилоӽи имрӯза забони байналмилалӣ мешавад”.

С.И. Раҷабзода,

профессори кафедраи химияи органикии факултети химияи ДМТ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram