РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Хуҷанд биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ сохта мешавад

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят лоиҳа-пешниҳоди силсилаи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд муаррифӣ шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Масъулини соҳаи сохтмон ва меъмории вилоят зимни муарифии лоиҳаи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маълумот доданд, ки ояндаи наздик дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд метавон силсилаи баландошёнаи истиқоматиро бунёд кард.

Дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки аз 18, 20 ва 22 ошёна иборат хоҳад шуд, имкони бунёди хона барои то 15 ҳазор нафар аҳолӣ мавҷуд аст. Тибқи лоиҳа сохтмони мактабу кӯдакистонҳо низ ба нақша гирифта шуда, дар биноҳои баландошёна ҷойгирсозии таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон дар назар дошта шудааст.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ таъкид кард, ки лоиҳаи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бояд дар доираи нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд омода ва дар оянда дар амал татбиқ карда шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram