РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бори нахуст Конгресси Байналмилалии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон баргузор шуд

4 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Конгресси 30-юми Байналмилалии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ таҳти унвони “Мушкилоти ҷории ҷарроҳии гепатопанкреатобилиарӣ” баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, директори Муассисаи федералии давлатии буҷавии Маркази миллии тадқиқотии тиббии ҷарроҳии ба номи В. А.В. Вишневский»-и Вазорати тандурустии Русия, сармутахассиси ҷарроҳии Вазорати тандурустии Федератсияи Русия, академики Академияи илмҳои Русия Амиран Шотаевич Ревишвили, Президенти фахрии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ, Профессор Эдуард Израилевич Гальперин, Президенти Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ, профессор Вишневский Владимир Александрович, ноиби президенти Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ, Ректори Муассисаи таълимии федералии давлатии буҷавии таҳсилоти олии «Донишгоҳи якуми давлатии тиббии Санкт-Петербург ба номи академик И.П. Павлов»-и Вазорати тандурустии Русия, академики Академияи илмҳои Русия Багненко Сергей Федорович, ноиби президенти Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ, мушовири директори Маркази ҷумҳуриявии махсуси ҷарроҳии ба номи академик В.Воҳидов, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Феруз Ғафурович Назиров, ноиби президенти Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ, раиси раёсати Маркази миллии илмии Ҷамъияти ҷарроҳии ба номи А. А.Н. Сызганов», академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, узви хориҷии Академияи илмҳои Русия Баймаханов Болатбек Бимендеевич, ноиби президенти Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ, директори Маркази илмию амалии ҷарроҳӣ, трансплантология ва гематологияи Минск, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Беларус Олег Олегович Руммо иштирок намуданд.

Қабл аз оғози Конгресс нахуст иштирокчиён ба хотири гиромидошти поси хотираи падари тиб, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар назди нимпайкараи ин фарзанди баруманди тоҷик гулчамбар гузоштанд.

Ҳамзамон, дар даромадгоҳи донишгоҳи мазкур намоишгоҳи як қатор ширкатҳои истеҳсолии маводҳои доруворӣ ва гиёҳҳои шифобахш низ баргузор гардид, ки меҳмонон аз он дидан ба амал оварданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода Конгрессро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба кишвари биҳиштосои Тоҷикистони азизамон хайрамақдам гуфт.

«Конгресси 30-юми байналмилалии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ як чорабинии беназир барои муҳаққиқон ва ҳам табибони воқеӣ мебошад.

Дар Конгресс тадқиқот ва тавсияҳои амалӣ дар соҳаи табобати ҷарроҳии бемориҳои ҷигар, заҳра, ғадуди зери меъда, рӯдаи сафро ва соҳаҳои ҳамрадиф муаррифӣ хоҳанд шуд, Ин барои ҷарроҳоне, ки беморони гирифтори бемориҳои мураккаби системаи гепатопанкреатобилиариро мегузаронанд, чорабинии муфид хоҳад буд, — иброз дошт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода.

Тавре зикр гардид, дар ҷаҳони муосир самаранокии ёрии тиббӣ бештар ба имкони мубодилаи донишҳои илмӣ ва таҷрибаи байни табибони ихтисосҳои гуногун вобаста аст.

Конгресси 30-юми байналмилалии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ барои муттаҳид кардани мутахассисони соҳаи табобати патологияҳои ҷигар, роҳҳои сафро ва ғадуди зери меъда, ки дахолати ҷарроҳиро талаб мекунанд,-ҷарроҳон, саратоншиносон, кимиётерапевтҳо, эндоскопистҳо ва трансплантологҳо пешбинӣ шудааст.

Бинобар ин, яке аз мавзӯъҳои асосии конгресс дарёфти равишҳои беҳтар дар ташхис ва табобати бемориҳои ҷигар, роҳҳои сафро ва ғадуди зери меъда ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли нав бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ, инчунин ҳамгироӣ ва ҳамкории мутахассисони соҳаи ҷарроҳӣ, ки барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ неруи бузург доранд, ба шумор меравад.

Дар Конгресс беш аз 300 мутахассиси варзидаи соҳаи ҷарроҳии гепатопанкреатобилиарӣ аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Украина, Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин 250 нафар ҷарроҳони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Барномаи илмии конгресс тамоми самтҳои ҷаррохии гепатопанкреатобииарии муосир, аз ҷумла масъалаҳои трансплантологияро дар бар мегирад.

Дар идома як қатор иштирокчиён бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби мутахассисон аз кишварҳои гуногун доир ба мавзӯъи конгресс маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод карда шуд.

Ҳамин тавр, дар конгресс мушкилоти умдатарини ҷарроҳии гепатопанкреатобилиарӣ муҳокима гардида, аз ҷониби мутахассисони варзида таҷрибаи пешқадам ва идеяҳои такмили усулҳои барқароркунии ҷарроҳии бутунии анатомию функсионалии узвҳо, имкониятҳои навтарини истифодаи технологияҳои каминвазивӣ ва каммасраф, протоколҳои табобати оқилонаи доруворӣ дар ҷарроҳии гепатопанкреатобилиарӣ пешниҳод ва инчунин мушкилоти воқеии соҳаи саратоншиносӣ ва трансплантология ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ гардиданд.

Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ бо мақсади мусоидат дар рушд, навовариҳо ва тадқиқотҳои соҳаи ҷарроҳии гепатопанкреатобилиарӣ таъсис дода шудааст. Ассотсиатсия ба мубодилаи дониш, таҷриба ва иттилоот дар байни мутахассисон бо мақсади баланд бардоштани сифати табобати беморон ва мусоидат ба рушди илмии ин ихтисос мусоидат мекунад.

Конгресси мазкур то 6 октябр ба кори худ идома хоҳад дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram