Дар толори Академияи миллии илмҳои ҶТ Симпозиуми илмии байналмилалӣ зери унвони «Тахти Сангин — намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб» ҷараён дорад.
Чорабинӣ бо суханронии Фарҳод Раҳим Президенти АМИҶТ ифтитоҳ гардид. Дар ҳамоиши мазкур М. Саториён муовини сарвазири ҶТ ва донишмандону олимони кишвар ва ҳамчунин иштирокдорон аз 14 кишвари дунё иштирок доранд.
Муовини Сарвазири ҶТ Матлубахон Сатториён зимни суханронӣ аз аҳаммияти ин ёдгории таърихӣ сухан гуфта иброз дошт, ки дар кишвар айни ҳол беш аз 3000 ёдгориҳои таърихӣ вуҷуд доранд, ки ҳар кадом аз аҳаммияти хоси худ бархурдоранд.
Дар симпозиум мавзуҳои «Ҳафриёт ва стратиграфияи маъбади Вахш», «Даврабандии Тахти Сангин ва масъалаи мансубияти Хазинаи Амударё ба маъбади Вахш», «Равандҳои байнифарҳангӣ дар давраҳои ҳахоманишӣ, эллинӣ ва кушонӣ дар Бохтар ва Суғд», «Хусусияти меъморӣ ва услуби сохтмони монументалӣ дар Бохтар ва Суғди замони ҳахоманишӣ, эллинӣ ва кушонӣ», «Нумизматика ва эпиграфикаи Бохтари Қадим», «Санъат ва ҳунармандӣ дар Бохтар ва Суғди замони ҳахоманишӣ, эллинистӣ ва кушонӣ» ва «Ҷуғрофияи таърихии Бохтар ва Суғд» мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 11-уми ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.
Малвинаи Хушқадам,
радиои “Овози тоҷик”