РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари навтаъйини ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон мулоқот кард

18 октябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи роҳбари навтаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Артур ван Дизенро қабул кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Пас аз анҷоми маросим ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ, аз ҷумла раванди татбиқи Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои солҳои 2023-2026 ва Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram