РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» идома дорад

26 октябри соли 2023 соати 10:00 дар доираи Ҳафтумин ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов, ҳунармандони Театри вилоятии лӯхтаки шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон намоиши «Корномаи Фарҳод» -ро манзури иштирокчиёну тамошобинон гардониданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.

Далерию диловарӣ ва корнамоию фидокориҳои Фарҳод рӯи саҳнаи ҳунар мавриди таваҷҷуҳи мухлисону ҳаводорон ва меҳмонону ҳунармандон қарор гирифта, иштирокчиён бо кафкӯбиҳои зиёду қарсакҳои пурмавҷ аз ҳунармандони Театри вилоятии лӯхтаки шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон қадрдонӣ карданд.

«Корномаи Фарҳод» бори дигар собит сохт, ки бо гузашти чандин аср аз моҷарои ишқи Ширину Фарҳод ҳанӯзам дилбастагию муҳаббат ба ин достон вуҷуд дорад. Ҳунармандон низ ин асарро бо беҳтарин шакл рӯи саҳна зинда сохтанд ва тавонистанд, ки аз иҷрои ҳамаи нақшҳо бо муваффақият бароянд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳафтумин ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» идома дорад ва аз ҷараёни он баъдтар ба шумо маълумот хоҳем дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram