РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе таҳти унвони«Ваҳдати миллӣ омили асосии рушди сайёҳӣ» ҳамоиш доир гардид

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти уновни «Ваҳдати миллӣ омили асосии рушди сайёҳӣ » ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва олимону донишмандон иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ зикр шуд, ки эҳёи арзишҳои миллии ниёгони кишвар барои боз ҳам фарохтар намудани имкониятҳои рушди сайёҳи ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат мусоидат менамояд. Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии чеҳраи миллат ва фарҳанги он, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сатҳи зиндагии мардуми он ба ҳисоб меравад.

Ҳар фарди бедордил ва ватандӯсту хештаншиноси кишварро мебояд барои боз ҳам зебову дилкаш гардидани Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ дода, барои ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ софдилона хизмат намояд.

Айни замон симои нави мусбати Тоҷикистон ҳамчун давлати барои сайёҳӣ мусоид фаъолона ташаккул меёбад ва дар Тоҷикистон тамоми имконият ва шароит барои ба мамлакати ҷолибтарини сайёҳии дунё табдил ёфтан фароҳам мебошад.

Вобаста ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар ин давра намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 12 намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии кишварҳои Эрон, Олмон, Россия, Британияи Кабир, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон ва Шветсария фаъолона иштирок намуд.Кумитаи рушди сайёҳи дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2026-ро чораҳои заруриро амали месозад.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми неру ва ваколатҳо ҷиҳати рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, таъриху тамаддун ва иқтидори сайёҳӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти хосса тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram