28 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини аввали вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода бо роҳбарони театрҳои лӯхтаки Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангии байни кишварҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, дар самти таҳкими санъати театрӣ, эҳёи ҳунари лӯхтакбозӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба ин соҳа табодули афкор намуданд.