РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода аз «Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳонӣ «KAZSAT» дидан намуд

27 октябри соли 2023 бо ташаббуси Агентии Қазоқистон оид ба рушди байналмилалӣ «KazAID» сафари кории Сафири кишвар Хайрулло Ибодзода ба шаҳри Аккол бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ҶСК «Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳонӣ «KAZSAT» баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар доданд.

Зимни сафар Х. Ибодзода бо Роҳбари Идораи ҶСК «Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳонӣ» Малик Жуйриктаев ва Раиси Агентии Қазоқистон оид ба рушди байналмилалӣ «KazAID» Аркен Аристанов мулоқот намуд. Ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи алоқаи кайҳонӣ гуфтугӯ намуданд.

Дар фарҷоми сафар, кормандони Маркази «KAZSAT» Сафирро бо фаъолияти кории Маркази мазкур шинос намуда, дар бораи технологияи нави истифодашаванда маълумот манзур науданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram